AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Якшанбе

14 Апрел 2024

19:03:33
1451266

Сенатори амрикоӣ: ҳамлаи Эрон ба Исроил бисёр густарда буд

Марко Рубио сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ дар вокуниш ба посухи сангини мушакӣ ва паҳподии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдомоти таҷовузгаронаи режими саҳюнистӣ, ин ҳамларо бисёр густарда хонд.

Ба гузориши CNN, ин сенатори ҷумҳурихоҳ дар баёнияи дар ҳисоби корбарии худ дар расонаи иҷтимои экс, навишт: ҳамлаи Эрон ба режими Исроил бисёр густардатар аз он чӣ дар ибтидо интизор мерафт буд .

Аз суи дигари бархе аз мақомҳои амрикоӣ низ эълом карданд ки ба назар намерасад низомиёни амрикоӣ дар ҳамлаи Эрон, ҳадаф қарор гирифта бошанд .

Ба навиштаи CNN, ду мақоми амрикоӣ ки нахостанд номи онҳо фош шавад ба ин хабаргузорӣ, гуфтанд : неруҳои амрикоӣ дар ҷараёни ҳамлаи густардаи мушакӣ ва паҳподии Эрон ба режим Исроил ҳадафи ҳамла қарор нагирифтаанд .

342/