AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Ҷумъа

12 Апрел 2024

19:33:51
1450826

Раисӣ: Қудратҳои султагар бо фитнаангезӣ дунболи эҷоди ноамнӣ байни Эрону Покистон ҳастанд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, тавсеаи равобити Эрону Покистон хушоянди қудратҳои султагар нест ва онҳо бо фитнаангезӣ ба дунболи шикоф байни ду миллат ва ду кишвари исломӣ ҳастанд.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Исна), Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи панҷшанбе дар гуфтугӯи телефонии Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Покистон, равобити ду кишварро амиқ, таърихӣ ва муттакӣ бар иштирокоти ногусастании фаровон дар ҳавзаҳои динӣ, эътиқодӣ, фарҳангӣ ва ҳамсоягӣ донисту изҳор умедворӣ кард, дар давраи ҷадид равобити дуҷониба дар ростои таъмини манофеи ду миллат беш аз пеш густариш ёбад.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон зарфиятҳои мутақобил дар ду кишвар барои густариши таомулотро мутанаввеъ ва фаровон тавсиф карду гуфт: Эрону Покистони заминаҳои бисёр хубе барои густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, тиҷорӣ ва энержӣ доранд ва Ҷумҳурии исломии Эрон умедвор аст, ки дар масири иҷроиши ин зарфиятҳо, гомҳои амалӣ бардошта шавад.
Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Покистон низ дар ин муколамаи телефонӣ зимни табрики мутақобили иди саиди Фитр ба давлату миллати Эрон ва маҳкум кардани ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ гуфт: Ташобуҳоти густардаи фарҳангиву тамаддунӣ миёни ду кишвар заминаи муносибе барои густариши равобити фарҳангӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва табодули зарфиятҳои мутанаввеъ ва мутааддид миёни ду тараф аст.

Раиси ҷумҳурии Покистон ҳамчунин дар бораи фитнаангезии душманони ду миллати Эрону Покистон барои ташдиди фазои амниятии минтақа, бар тақвияти равобиту ҳамкориҳои амниятӣ барои мубориза бо терроризму ҷилавгирӣ аз осеб расондани ин масъала ба равобити дӯстонаи фимобайн таъкид кард.

342/