AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

10 Апрел 2024

16:04:12
1450480

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Режими хабиси саҳюнистӣ бояд танбеҳ шавад в танбеҳ хоҳад шуд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хутбаи намози иди Фитр таъкид карданд:Режими хабиси саҳюнистӣ бояд танбеҳ шавад ва танбеҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ  имрӯз чаҳоршанбе дар хутбаи намози иди Фитри Теҳрон бо ишора ба ҳамлаи ахири режим дадманиш ба бахши консулгарии сафорати Эрон дар Димишқ (пойтахти Сурия) гуфтанд: Дар урфи ҷаҳонӣ ҳамла ба консулгарӣ ва сафорати ҳар кишвар, ҳамла ба хоки он кишвар маҳсуб мешавад ва режими сар то по хабосати саҳюнистӣ бояд барои ин ҷиноят танбеҳ шавад ва хоҳад шуд.

 Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ , ҳаводиси хунбори режими саҳюнистӣ ба Ғаззаро боиси талхкомии миллатҳои мусулмон дар моҳи Рамазон донистанд ва бо ишора ба тадовуми ҷиноёти ин режими ғосиб дар моҳи муборак афзуданд: Режими шарур чун зӯраш ба муқовимат намерасад, кӯдакро дар оғӯши модар ва беморонро дар бемористонҳо мекушад ва вақеҳона сию чанд ҳазор зану мард ва кӯдаку ҷавонро дар муқобили чашми ҷаҳониён ба шаҳодат мерасонад.

 Ишон бо маҳкумияти шадиди ҳимоятҳои низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои ғарбӣ ба хусус Амрико ва Англия аз ҷониёни саҳюнист гуфтанд: Ин давлатҳо дар ҳодисаи Ғазза, зоти шарири тамаддуни Ғарбро ба дунё нишон доданд албатта мо ва мунтақидони тамаддуни ғарбӣ қаблан борҳо гуфта будем, ки зоти ин тамаддун хусумат ва инод бо фазоил ва арзишҳои маънавӣ ва башарӣ аст ва амалкарди давлатҳои ҳомии режими ҷаълии саҳюнистӣ, дар шаш моҳи ҳаводиси Ғазза ин воқеиятро бармало кард.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба фарёдҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари муддаиёни ғарбӣ савол карданд: Магар сию чанд ҳазор шаҳиди бегуноҳ ва бепаноҳи Ғазза башар нестанд; пас чаро аз ғарбиҳо садое шунида намешавад?

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо табрик ва таҳнияти иди саиди Фитр ба уммати исломӣ ва кулли миллати Эрон, Рамазонро моҳи бориши абри раҳмати Илоҳӣ хонданд ва афзуданд: Миллати Эрон имсол ба қадри вусъу тавони худ, ҳаддиаксар истифодаро аз зиёфати пурнеъмати Илоҳӣ бурд ва ҷашнҳои аввали Соли навро бо маънавияти моҳи Рамазон мутабаррик кард.