AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

8 Апрел 2024

20:27:18
1450108

Нигоҳи наққодона дар канори нигоҳи сарафрозона ба пешрафтҳо

Раҳбари муаззами Инқилоби Ислом фардои беҳтар аз имрӯзро мақсуди аслии кишвару низом хонданд ва бо фарохони донишҷӯёну ташаккулҳои донишҷӯӣ ба ироаи роҳкорҳои нав ба нав барои таҳаққуқи ин ҳадафи асосӣ ва пешрафти бидуни ақибгарди моддӣ ва маънавӣ кишвар гуфтанд: Тарбияти олим, тавлиди илму ҷиҳат додан ба ин ду мақула, се вазифаи аслии донишгоҳ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар дидори донишҷӯёну намояндагони ташаккулҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва илмии донишгоҳҳо, табиати муҳити донишҷӯиро шод, зинда, пурҳаяҷон, мутолибагар ва шавқофарин хонданд ва афзуданд: Ҳар пешниҳоде бояд зимни доштани умқи таҳлилӣ ва фикрӣ, воқеъбенона ва пухта бошад ва ба гиреҳгушоӣ аз мушкилот кумак кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ моҳи Рамазони имсолро аз лиҳози бурузу зуҳӯри ҷанбаҳои маънавӣ дар ҷомеъа аз ҷумла ривоҷи ҷаласоти тиловат, моҳе хуб хонданд ва бо тавсия ба донишҷӯён барои ҳифзи нӯронияту таҳорати ҳосил шуда дар ин моҳ фармуданд: Роҳи аслии таҳаққуқи ин ҳадаф, парҳез аз гуноҳ аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ғафлат аз гуноҳ будани бархе корҳоро иллати иртикоби онҳо донистанд ва гуфтанд: Бархе ҳарф заданҳо ва навиштаҳо дар фазои маҷозӣ, ки бидуни таҳқиқу тавваҷуҳ ва диққат анҷом мешавад, мисдоқи гуноҳи ғофилона аст ва фард ҳатман бояд дар даргоҳи Худованд посухгӯ бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ донишҷӯро унсуре ҷавон, пуртавон, пурангеза, аҳли “ илму фикру андеша” ва ояндадор тавсиф карданд ва гуфтанд: Бо таваҷҷуҳ ба ин хусӯсиёт аз донишҷӯён таваққуъ меравад нисбат ба оянда, фаъол ва ҳассос бошанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ гуфтанд: Ормонҳои Ҷумҳурии исломӣ зайли ду унвони куллӣ “идораи кишвар ба шеваи исломӣ” ва “ироаи улгӯе ба мардуми ҷаҳон барои идораи хуби як кишвар” хулоса мешавад, ки донишҷӯён дар маҳофил ва нишастҳои фикрӣ ва мутолиотӣ ва иртиботот бо соҳибназарони муътақид ба инқилоб бояд барои нав ба нав шудани роҳҳои таҳаққуқи ин ду унвон кор ва талош кунанд.

Эшон афзуданд: Идораи кишвар ба шеваи исломӣ, яъне қарор гирифтан дар масири пешрафти моддӣ ва маънавии бевақфа ва бидуни ақибгард; рифоҳи умумӣ, амнияти ҷисмӣ ва ахлоқӣ, пешрафти илмӣ, густариши саломат, ҷавон нигаҳи доштани ҷамъият, анвоъи созандагиҳо ва навовариҳо ва адолат аз сарфаслҳои аслии пешрафти моддӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин, донишро рукни аслии донишгоҳ хонданд ва бо таъкид бар се вазифаи аслии донишгоҳ яъне “тарбияти олим”, “тавлиди илм” ва “ ҷиҳат додан ба тарбияти олим ва тавлиди илм” гуфтанд: Донишгоҳҳои дунё дар вазифаи сеюм, яъне ҷиҳат додан ба тарбияти олиму тавлиди илм дучори мушкил ҳастанд ва ба ҳамин иллат маҳсӯлоти онҳо абзори дасти қудратҳои истикборӣ ва саҳюнистӣ мешавад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар ҳамаи аркони донишгоҳ, аз ҷумла мудирон, устодон, донишҷӯёну мутуни дарсӣ ба ин се вазифаи муҳим, бахши муҳимме аз эътибори ҷаҳонии Эронро марҳуни пешрафтҳои илмӣ ва фанноварии кишвар донистанд ва афзуданд: Бояд бо ҳифзи ин эътибор, кишварро аз лиҳози илмӣ ғанӣ кард, ки албатта қудратҳои истикборӣ ин қудрат ва эътиборро барои Эрон намеписанданд.