AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

3 Апрел 2024

21:08:55
1448835

Паёми шаффофи сенатори амрикоӣ ба Натанёҳу

Сенатори мустақили иёлати Вермонти Амрико зимни интиқод аз ҷиноёти ҷадиди Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме шаффоф гуфт: “Куштори мардуми бегуноҳро мутаваққиф кун”.

Ба гузориши ИСНА, як рӯз пас аз тозатарин ҷинояти режими саҳюнистӣ – кушта шудани ҳафт тан аз коркунони Созмони ошпазхонаи марказии ҷаҳонӣ дар борикаи Ғазза, Берни Сандерз, сенатори мустақили Амрико дар гуфтугӯ бо Эм Эс Эн Би Си паёме шаффоф ба Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири тундрави режими саҳюнистӣ ирсол кард ва гуфт: “Куштори мардуми бегуноҳи борикаи Ғаззаро мутаваққиф кун”.
Сенатор Сендерз изҳор дошт, он чӣ акнун дар Ғазза рух медиҳад, яке аз бадтарин фоҷеаҳои инсонӣ дар таърихи муосири ҷаҳон аст.

Ин сенатори амрикоӣ дар идома таъкид кард: Мо дар бораи эҳтимоли марги садҳо ҳазор кӯдак аз гуруснагӣ суҳбат мекунем. Мо дар бораи 70 дарсад аз манозиле суҳбат мекунем, ки дар Ғазза вайрон шуда ё осеб дидаанд. Мо дар бораи 1. 8 миллион мардуме суҳбат мекунем, ки бехонумон шудаанд. Мо дар бораи мардуме суҳбат мекунем, ки имрӯз ғизо, об, дору ва сӯхт надоранд.
Берни Сендерз бо таъкид бар ҳамдастии Амрико дар ҷиноёти режими саҳюнистӣ хотирнишон кард, ҳамдастии Амрико дар ҷиноёти режими саҳюнистӣ ғайриқобили тавҷеҳ аст ва бояд ҳамин ҳоло хотима ёбад. Амрико набояд дар ин ваҳшате, ки акнун дар ҳоли рух додан аст, ҳамдаст бошад.

Сенатори мустақили Амрико ба ҳамроҳи ҳафт тан аз сенаторҳои дигари Конгресс пештар дар номае хитоб ба Ҷо Байден, раиси ҷумҳурӣ, таҳти фишор гузоштани Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ барои рафъи маҳдудиятҳо дар дастрасии кумакҳои инсонӣ ба Ғазза ва лағви кумакҳои низомии Вашингтон ба Тел-Авивро хостор шуданд.

342/