AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

19 Март 2024

14:45:34
1445570

Юнисеф : То кунун 13 ҳазор кӯдаки фаластинӣ дар Ғаззаи кушта шудаанд

Раиис Юнисеф гуфт аз замони оғози ҷанг дар Ғазза , беш аз 13000 кӯдаки фаластинӣ дар навори Ғазза кушта шудаанд .

Ба гузориши сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва  Симо ; раиси Юнесиф гуфт аз замони оғози ҷанг дар Ғазза , беш аз 13000 кӯдаки фаластинӣ дар навори Ғазза кушта ( шаҳид ) шудаанд .

Дар ин гузориш омадааст : Катерина Русселл мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ( Юнесиф ) гуфт ки пас аз ташдиди даргирии байни Исроил ва  Фаластин дар 7 октябри 2023 , беш аз 13000 кӯдак дар навори Ғазза кушта шудаанд .

Русселл дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CBS  гуфт : « беш аз 13000 кӯдак дар ҳоли ҳозир кӯшта шудаанд , ки як омори ваҳшатнок ва нуҷумӣ аст . Ҳазорон нафари дигар низ маҷрӯҳ ё мафқуд шудаанд ва мумкин аст зери овор гиркарда бошанд .

»Вазорати беҳдошти навори Ғазза дар 17 март эълом кард ки теъдоди фаластиниҳои кӯшта шуда аз оғози амалиёти низомии Исроил аз 31600 нафари фаротар рафтааст . Беш аз 73600 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд .

Танишҳо дар ховаримиёна бори дигар дар 7 октябри 2023 шуълавар шуд , яъне пас аз он ки шабаҳи низомиёни гурӯҳи фаластинӣ Ҳамос аз навори Ғазза ҳамлаи ғофилгиронае ба дохили Исроил оғоз карданд .

Исроил ҳам ҳамалоти худро ба аҳдофе дар навори Ғазза ва манотиқи хосе аз Лубнон ва  Сурия оғоз кард .

342/