AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

19 Март 2024

14:44:33
1445568

Путин пирӯзи қатъии интихоботи раёсати Ҷумҳӯрии Русия

Камиссиюни марказии интихоботи Федератсияи Русия аз касби беш аз 87 дарсади орои интихоботи раёсати Ҷумҳурии ин кишвар тавассути Владимир Путин хабар дод.

Ба  навиштаи хабаргузории « Спутник » , Камиссиюни марказии интихоботи Федератсияи  Русия эълом кард, ки бо шумориши 95 дарсади оро , Владимир Путин , раиси Ҷумҳӯри кунунии ин кишвар муваффақ шуда бо касби 87 . 32 дарсади оро барои як давраи шаш солаи дигар , раиси Ҷумҳӯри Русия бошад .

Интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Русия аз рӯзи ҷумъа оғоз шуда ва то дирӯзи якшанбе идома дошт . Ин нахустин бор дар таърихи баргузории интихоботҳои раёсати Ҷумҳурии Русия аст, ки фароянди ахази оро дар 3 рӯз анҷом мешавад .

Бар асоси эъломи Камиссиюни марказии интихоботи Русия , мизони мушорикат дар ин интихобот беш аз 70 дарсад будааст .

342/