AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

13 Март 2024

20:44:44
1444254

Ҳушдори Русия ба Амрико дар бораи оғози як ҷанги атомӣ

Раисиҷумҳури Русия ба Амрико дар бораи ҳар гуна иқдом барои оғози як ҷанги атомӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо таъкид бар инки токунӯн ниёзе ба истифода аз таслеҳоти ҳастаии тактикӣ дар ҷанги Украина вуҷӯд надошта, ҳушдор дод, агар Амрико оғозгари як ҷанги атомӣ бошад, Русия низ барои ин ҷанг омодааст.

Владимир Путин дар посух ба ин суол, ки оё ҳаргиз иддеаи истифода аз таслеҳоти атомӣ ба зеҳнаш хутур кардааст, ё на? ташреҳ кард: “Хайр, аммо Русия омодаи истифода аз ин таслеҳот дар сӯрати вуҷӯди ҳар гуна таҳдид барои мавҷӯдияти кишвар аст.”

Украина барои дуввумин шаби мутаволии ҳамалоти паҳподӣ ба чанд устони Русия анҷом дод, ки бар асари ин ҳамалот ба зерсохтҳо ва манозили маскӯни осебҳои ҷузъӣ ворид шуд.

342/