AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

12 Март 2024

19:57:42
1444014

Файненшал Таймс: Шаҳрвандони амрикоӣ ба сиёсати иқтисодии давлати Ҷо Баден беэътимоданд

Бар асоси натоиҷи як назарсанҷии ҷадид, бо вуҷуди иддаои давлати Амрико дар бораи амалкарди хуби иқтисодӣ, бештари шаҳрвандони амрикоӣ нигаронанд ва эътимоде ба сиёсати иқтисодии давлати кунунии ин кишвар надоранд.

Рӯзномаи бритониёии Файненшал Таймс назарсанҷии муштараке бо Донишгоҳи Мишиагон дар бозаи замонии 29 феврал то чаҳоруми март анҷом дод, ки бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ афзоиши қиматҳои колоҳои зарурӣ монанди маводи хӯрокӣ ва маскан, шаҳрвандони амрикоиро нигарон кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта муддаӣ шуд, ки "амалкарди иқтисодии ӯ мояи ҳасодати ҷаҳон аст."

 Шароити бади иқтисодии Амрико дар ҳоле аст, ки Кохи сафед бо ҳимояти таслиҳотӣ ва молӣ аз ҷанги Украина ва наслкушии Ғазза, миллиардҳо доллар аз молиёти мардуми Амрикоро равонаи майдонҳои ҷанг кардааст.

 Норизоиятии мардуми Амрико фақат аз шароити иқтисодии нобасомон нест ва сиёсати хориҷии Байден дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ барои тадовуми наслкушӣ дар Ғазза масъалаи ҷадиде барои афзоиши шумори раъйдиҳандагони норозӣ аст.

342/