AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

4 Март 2024

20:01:05
1442212

Ташдиди шикоф дар кабинаи ҷангии режими саҳюнистӣ бо сафари Гантс ба Амрико

Сафар Бени Гантс, яке аз аъзои кабинаи ҷангии режими саҳюнистӣ ба Амрико, бо интиқоди шадиди Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири ин режим ҳамроҳ шуд.

Бени Гантс, узви кабинаи ҷанг ва яке аз мухолифони Бенёмин Натанёҳу барои як зумра ҷаласот, бидуни ҳамоҳангӣ бо Бенёмин Натанёҳу роҳии Вашингтон шуд.

Ин иқдоми Гантс асабонияти Натанёҳуро ба ҳамроҳ доштааст. Атрофиёни Натанёҳу бо асабоният изҳори назар карданду тавзеҳ доданд, ки Гантс бидуни мувофиқати нахуствазир ба Амрико сафар мекунад. Ба гуфтаи наздикони Натанёҳу, нахуствазир ба Гантс тавзеҳ дод, ки давлати Исроил танҳо як нахуствазир дорад.

Ихтилофҳо дар даруни кабинаи Натанёҳу ва кабинаи ҷангӣ аз муддатҳо қабл ошкор шуд. Яке аз далоили ин ихтилофҳо тӯлонӣ ва фарсоишӣ шудани ҷанги Ғазза аст, ҷанге, ки барои режими саҳюнистӣ низ ҳазинаи сангине то кунун дар пай доштааст.

Ахиран Ю ов Галант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, ки борҳо ихтилофоташ бо Натанёҳу, нахуствазир ошкор шуд, гуфт: Мо ҳаргиз чунин ҷангеро надида будем ва 75 сол аст, ки дар чунин вазъияте қарор нагирифтаем. Вай таъкид кард: Ҳазинаҳое, ки аз назари теъдоди куштаҳову захмиҳо додаем, бисёр зиёд аст.

Яке дигар аз далоили бурузу шиддат гирифтани ихтилофҳо дар кабинаи ҷангии Натанёҳу, набуди иҷмоъ дар даруни кабинаи Натанёҳу барои музокирот бо Ҳамос ва озодии усарои саҳюнист аст. Дар ҳоле ки афроде назири Итамар бен Гвир ва Смутрич, вазирони амнияти дохиливу дороӣ, бар тадовуми ҷанг то озодии асирон таъкид доранд, бархе назири Бени Гантс низ бо интиқод аз ифротгароии аъзои кабинаи Натанёҳу, хостори авлавият қоил шудан барои озодии асирон аз тариқи музокирот бо Ҳамос ҳастанд.

Сафари Гантс ба Вашингтон бидуни иттилои Натанёҳу низ бори дигар ин ихтилофҳоро афзоиш додааст. Аз як сӯ, Натанёҳу ба Гантс эътимод надорад ва аз сӯи дигар шикоф миёни Натанёҳу ва кабинаи Ҷо Байден дар Амрико афзоиш ёфтааст.

Ба навиштаи расонаҳо, сабри давлати Байден нисбат ба рафтори Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ҷанг ва таслим шудани ӯ дар баробари хостаҳои шуракояш дар давлат, яъне Итамар бен Гвир ва Смутрич рӯ ба итмом аст. Созмони радио ва телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки таниш дар кабинаи ҷанг ба авҷи худ расидаасту Бенёмин Натанёҳу, нахуствазиру Гантс, узви кабинаи ҷанг ба нудрат бо якдигар суҳбат мекунанд. Ин расонаи саҳюнистӣ афзудааст: Натанёҳу дар мавриди иртиботи Гантс бо мақомоти амрикоӣ машкук аст.