AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Ҷумъа

16 Феврал 2024

17:52:38
1438264

Лағви раводиди Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Давлати Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба рӯйхати шаҳрвандони кишварҳое дохил менамояд, ки метавонанд бидуни раводид ба ин кишвар ворид шаванд.

Ба гузориши «Ховар», тибқи маълумоти сомонаи расмии ожонси гардишгарии Қатар - Visit Qatar, теъдоди ин давлатҳо ба 102 кишвар расидааст.

Тибқи ин қарор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба Қатар ворид шуда, то 30 рӯз дар қаламрави он боқӣ монанд.

Сода намудани низоми раводид бахши муҳими стратегияи миллии рушди сайёҳӣ дар Қатар аст, ки ҳадафаш то соли 2030 ҳама сола ба беш аз 7 миллион нафар расонидани теъдоди гардишгарон мебошад.

Бояд гуфт, ки низоми 30-рӯзаи бидуни раводиди сафар барои шаҳрвандони давлати Қатар, ки хоҳиши дидани Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, низ амал мекунад.