AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Панҷшанбе

15 Феврал 2024

14:25:21
1438024

Байден, номзади маҳбуби Путин дар интихоботи Амрико

Раиси ҷумҳури Русия Ҷо Байденро гузинаи муносибе барои мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико донист.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар ҳошияи нишасти "Анҷумани фановариҳои оянда" дар Маскав тасреҳ кард: Русия Ҷо Байден ба унвони раиси ҷумҳури Амрикоро бар Доналд Трамп-номзади мавриди ҳимояти ҷумҳурихоҳон афзал медонад.

 Раиси ҷумҳури Русия афзуд, Байден ботаҷрибатар ва қобили пешибинитар, як сиёсатмадори "мактаби қадимӣ" аст; Зимни инки ин мардуми Амрико ҳастанд, ки бояд раиси ҷумҳури кишварашонро интихоб кунанд.

Доналд Трамп ба унвони номзади пештози ҷумҳурихоҳон дар интихоботи 2024-и Амрико пештар гуфта буд, ки Вашингтон мумкин аст аз он даста аз муттаҳидони худ дар НАТО, ки ба андозаи кофӣ ба ин созмони низомӣ пул ворид намекунанд, дар муқобили ҳамлаи эҳтимолии Русия муҳофизат накунад.

Ин изҳороти Трамп, вокуниши тундеро аз сӯи дабири кулли НАТО, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин раиси Шӯрои Аврупо ба думбол дошт.

 Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳурии Русия ба изҳороти ахири раисҷумҳури пешини Амрико дар бораи НАТО вокуниш нишон дод ва гуфт,ки рӯйкарди Трамп дар мавриди НАТО мантиқи хоссе дорад ва НАТО абзори сиёсати хориҷии Амрико аст.

 Номзадҳои аҳзоби мухталиф барои рақобат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, ки дар ноябри имсол баргузор хоҳад шуд, дар такопу ҳастанд ва то кунун Доналд Трамп дар ҳизби ҷумҳурихоҳ пештоз аст.

342/