AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

13 Феврал 2024

15:41:45
1437492

Ҳушдори ҷаддии Русия ба ғарб дар сурати мусодира кардани дороиҳои Маскав

Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия ба Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи табаъоти мусодира кардани ҳазорҳо миллиард долларии дороиҳои Маскав ҳушдор дод.

Мария Захарова сухангуи Вазорати хориҷаи рузи сешанбе дар гуфтугу бо радиои Спутник эълом кард: Ғарб дар сурати ҳаргунаи иқдом барои масдуд кардани ҳазорҳо миллиард доллар дороии Маскав бо бархурди шадиди Русия ру ба ру хоҳанд шуд.

Захарова таъкид кард аз онҷо ки Русия иқдоми ғарб дар мусодира кардани дороиҳои Маскавро дузди талаққи мекунад бархурд бо он низ ба тариқи мутаносиб ва дар қолаби иқдоми мутақобил барои мусодира кардани дороиҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо сурат мегирад.

Лизо Монако муовини додситони кули Амрико эълом кард Вазорати додгустарии ин кишвар ба дунболи касби муҷаввизи кангресс барои ба коргирии дороиҳои мусодира шудаи Русия ба манзури истифода дар заминаи таъмини ниёзҳои Украина аст.

Маскав борҳо гуфта аст ки талошҳо барои мусодира кардани дороиҳои Русия салби моликият аз онҳо ва нақзи қавонини байналмилалӣ аст.

342/