AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Якшанбе

11 Феврал 2024

19:24:10
1436875

Табрики солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме, фарорасидани солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломии Эронро ба ҷаноби оқои Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон табрик гуфт.

Матни паёми Эмомалӣ Раҳмон ба шарҳи зер аст:

Ҷаноби оқои Саидиброҳими Раисӣ

Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон

Олиҷаноб,

Табрики самимона ва беҳтарин орзӯҳои инҷонибро ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон пазиро бошед.

Мо раванди кунӯнии рушди муносиботи суннатии дӯстона ва ҳамкориҳои судманд байни Тоҷикистон ва Эронро заминаи мусоиде барои дастёбӣ ба аҳдофи аслии мардумони ду кишвар медонем.

Бо изҳори ризоят аз ин раванд, мехоҳам бори дигар бар алоқамандии Тоҷикистон ба густариш ва тавсеаи ояндаи равобити ду кишвар дар ҳавзаҳои гуногун таъкиди намоям.

Бар ин боварам, ки идомаи гуфтугӯҳои сатҳи олӣ ва иҷроӣ шудани тавофуқҳои бадаст омада, заминаро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити ҳасана ва мушорикати баландмуддати кишварҳоямон мусоид хоҳад кард.

Итминони комил дорам, ки бо азму талошҳои пайгиронаи муштарак, метавонем мазмӯн ва муҳтавои онҳоро бо тадобири бештар амалиётӣ ва тақвият карда ва ба натоиҷи нав даст ёбем.

Барои ҷаноби олӣ саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва комёбиҳои фаровон ва барои мардуми дӯсту бародари Эрон, сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукӯфоии пойдор орзӯмандам.

342/