AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Якшанбе

21 Январ 2024

16:19:50
1431284

Сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қатар

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми як сафари расми ворид Қатар шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба манзури анҷоми сафари расми ворид Давҳа пойтахт Қатар шуд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчиёнаш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба иқтисодӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, молия, кишоварзӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қарор аст тайи ин сафар санадҳои нави ҳамкории байни Тоҷикистону Қатар имзо шавад.

Ёдовар мешавем, ки тобистони соли 2023 амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омада буд.

342/