AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

11 Декабр 2023

13:29:21
1419291

Бонки рушди Осиё барои беҳбуди омӯзиш ба Тоҷикистон кумак мекунад

Бонки рушди Осиё 40 миллион доллар барои иртиқои омӯзиши риштаҳои фаннӣ дар мактиби Тоҷикистон кумак мекунад.

 Ба гузориши Азия Плюс, ин маблағ ба унвони кумаки ройгон ихтисос меёбад.

Мудӣри бахши Осиёи марказӣ ва  Ғарбии Бонки рушди Осиё гуфт ." беҳбуди омӯзиши саҳми қобили таваҷҷӯҳе дар коҳиши фақру рушди пойдор дар Тоҷикистон хоҳад дошт .

Ба ақидаи вай,Тоҷикистон дар баробари асароти тағироти обу ҳавоӣ бисёр осеб пазир аст, бинобарин ба манзури афзоиши тавони кишвар дар баробари балоҳои табиии ношӣ аз тағироти обу ҳавоӣ ، муаррифии дониш ва  таҷрибаи пешрафта дар заминаи омӯзиши мутавассита ҳоиз аҳамият аст.

Интизор меравад ин пружаи омӯзиш ва ёдгириро дар синфҳои  5 то 11 бо истифода аз як рӯйкарди мубтанӣ бар маҳорат беҳбуд мебахшад, ки ба донишомӯзон кумак мекунад то маҳоратҳои монанди таҷзия ва  таҳлили интиқодӣ ва  ҳамкориро рушд диҳанд ва ҳамчунин онҳоро қодир месозад то масоили дунёӣ воқеиро ҳал кунанд.

Ин пружа шомили омӯзиши муаллимон ва  беҳбуди савод омузишӣ аст.

Дар чорчӯби ин тарҳ ، 20 мактаб дар чаҳор минтақаи кишвар навсозӣ ва  беҳсозӣ ва  мудирияти макотиб беҳбуд меёбад . Мавзӯъоти муртабит бо тағироти обу ҳаво дар барномаҳои омӯзиши гунҷонда шудааст.

Таъкид шудааст, ки дар қолаби ин пружа 11500 донишомӯз шомили 5600 духтар дар макотиб ҳадаф ва ҳамчунин ҳудӯди 4000 муаллим ، мутахассисони омӯзишу парвариш ва  масъӯлони макотиб ба таври мустақими баҳраманд шаванд .Аз соли 1998 ، Бонки рушди осиё 2.5 миллиард доллар ба Тоҷикистон кумак кардааст ки ҳудӯди 2 миллиард доллари он ба сӯрати кумакҳои билоивазаст .

342/