AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Панҷшанбе

23 Март 2023

14:21:23
1353665

Ташаккури Эмомалӣ Раҳмон аз эъломи соли 2025 ба унвони соли ҳифозат аз яхчолҳои табиӣ

Раисҷуҳӯри Тоҷикистон аз ҳимояти кишварҳои узви Созмони Миллал дар ҷиҳати эъломи соли 2025 ба унвони соли ҳифозат аз яхчолҳои табиӣ қадрдонӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳӯри Тоҷикистон дар нишасте бо мавзӯғъи " Об ва Наврӯз ду манбаъи ҳайёти башар" ки дар Ню-Йорк баргузо шуд, ширкат ва суханрони кард.

Эмомалӣ Раҳмон афзӯд: Яке аз ин аносир об аст, ки манбаи зинагӣ ва тадоввуми он, намоди покӣ, фаровонӣ,  шодӣ ва нишот аст.  Аз ин рӯ дар қадим длр остонаи айёми  Наврӯз мардум наҳр ва рӯдхонаҳоро тамиз ва обро тасфия мекарданд, оби  ошомиданиро дар обанборҳо захира ва мутаносиб бо манобеи обӣ, фаъолиятҳои кишоварзӣ ва соири фаъолиятҳои иқтисодии худро барномарезӣ мекарданд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об дар талуввуми рӯзи Наврӯз (22 март) аз соли 1993 ба ин сӯ тавассути ҷомеъаи ҷаҳонӣ бисёр намоддин аст ва дар ин рӯз, Созмони Миллал таваҷҷӯҳи сокинони кураи заминро ба яке аз мушкилоти аслӣ ва ҷаҳонии асри мо, яъне камбуди оби ошомиданӣ, ҷалб мекунад.

Вай афзӯд: Имрӯз ин мушкил ба як аз мавзӯъоти матраҳе дар дастури кори рушди байналмиллалӣ (тасвиб шуда дар солҳои ахир) ҷойгоҳи вижаеро дар асноди байналмиллалӣ ба худ ихтисос додааст.

Эмомалӣ  Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон тасмимоти Созмони Миллал дар маврди эъломи соли 2003 ба унвони соли байналмиллалии оби пок, соли 2013-соли ҳамкориҳои байналмиллалии об, 2005- 2015 даҳҳа байналмиллалии иқдоми " Об барои рушди пойдор"-ро ҳамчун калиде барои ҳалли мушкилоти марбут ба об, медонад.

342/