AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Ҷумъа

18 Ноябр 2022

19:25:02
1324335

Кумаки 29 миллионевроии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо барои беҳбуди бахши энержӣ ва таъмини оби ошомидании манотиқи рустоии Тоҷикистон, 29 миллион евро кумаки билоиваз ихтисос медиҳад.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тавофуқномаеро барои тахсиси 29 миллион евро кумаки билоиваз барои ҳимоят аз бахши энержӣ ва таъмини оби ошомидании манотиқи рустои ин кишвар имзо карданд.

Ин мувофиқатнома дар ҳошияи конфронси минтақаии Иттиҳоди Аврупо ба муносибати муаррифии пружаи ҷадиде бо номи “Ҳамкории энержии пойдор дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) дар Самарқанд ва тавассути Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон ва муовини мудири кул дар умури ширкатҳои байналмилалии Комиссияи Аврупо ба имзо расид.

Тибқи ин санад, Иттиҳоди Аврупо барои ҳимоят аз бахши энержии пойдори 15 миллион евро ва таъмини манотиқи рустоӣ бо оби ошомиданиву солим 14 миллион евро ироа мекунад.

Бинобар суханони вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон, ин пул барои беҳбуди зерсохтҳои энержӣ ва дастёбӣ ба аҳдофи роҳбурдии таъмини истиқлоли энержӣ кумак мекунад.

Вай таъкид кард, давлати Тоҷикистон пайваста дар ҳоли ислоҳи бахши энержӣ аст ва кумакҳои фаннӣ барои беҳбуди бештари ин раванд бисёр зарурӣ мебошанд.

Шоёни зикр аст, ки ба мизбонии Узбакистон рӯзи 17 ноябр дар Самарқанд конфронси минтақаӣ дар заминаи муаррифии пружаи ҷадиди Иттиҳоди Аврупо бо номи «Ҳамкории пойдори энержӣ дар Осиёи Марказӣ» оғоз ва имрӯз ба поён мерасад.

342/