AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

28 Феврал 2022

13:12:41
1234451

Тавофуқи Русия ва Украина барои ҳифзи эминии нерӯгоҳи Чернобил

Вазорати дифоъи Русия аз тавофуқи ин кишвар ва Украина барои ҳифзи эминии нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил хабар дод.

ABNA24 – Дар рӯзи 26 апрели соли 1986 реактори шумораи 4 нерӯгоҳи Чернобил, воқеъ дар садкилометрии шимоли Киев дар раванди як озмоиши эминӣ, мунфаҷир шуд. То 10 рӯз мақомоти Шуравӣ муваффақ нашуданд оташсӯзии реакторро хомӯш кунанд, ба ин тартиб Чернобил маводи родиактивиро ворид ҳаво кард, ки тибқи бархе аз тахминҳо се чаҳоруми Аврупо ва тамоми ҷумҳуриҳои Шуравии он замонро олуда кард.

Пас аз фоҷеъаи Чернобил, бар рӯи реактори чаҳорум сарпӯше аз битон ва фӯлод дуруст шуд, ки аз ташаъшуъоти маводи ҳастаӣ бар фазо пешгирӣ мекунад.

Вазорати дифоъи Русия эълом кард, ягонҳои нерӯҳои ҳавобурди ин кишвар ва нерӯҳои горди миллии Украина ба сурати муштарак аз нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил муҳофизат мекунанд.

Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе низ эълом карда буд, ки назорат бар сутуҳи ташаъшуъот дар нерӯгоҳи атомии Чернобил тибқи маъмул идома дорад ва чатрбозони рус дар ҳоли таъмини амнияти он ҳастанд.

Дар баёнияи Вазорати дифоъи Русия омадааст, коркунони Чернобил ба назорат бар сутуҳи ташаъшуъот ва хидматрасонӣ ба тибқи маъмул идома медиҳанд.

Ахиран дар миёни танишҳои ғарб ва Маскав бар сари Украина, низомиёнӣ Украина размоиши низомӣ- тактики дар шаҳри мамнӯъаи Чернобил ва дар наздикии реактори ҳастаии ин шаҳр баргузор карданд.

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия дар 24 феврал дастури амалиёти низомии вижа ба Украинаро содир кард. Ин дигаргунӣ чанд рӯз баъд аз он рух дод, ки Маскав расман истиқлоли ҷумҳуриҳои Данестк ва Луганск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт.

Русия бар ин бовар аст, ки Украина ба таъаҳудоташ зери тавофуқоти Минск, ки дар соли 2014 ва 2015 барои ҳалли муноқишаҳои мавҷуд миёни ҷудоихоҳон ва Киев ҳосил шуда буд, амал накарда аст.

342/