?>

Осонсозии тараддуди эрониёни хориҷ аз кишвар

Осонсозии тараддуди эрониёни хориҷ аз кишвар

Муовини умури байналмилали Қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии исломии Эрон иқдомоти баамаломада дар ҷиҳати осонсозии тараддуди эрониёни хориҷ аз кишварро шарҳ дод.


Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Ситоди ҳуқуқи башар, Козими Ғарибободӣ гуфт, ба дунболи эъломи сиёсати ҳимоятии кишвар дар хусуси осонсозии тараддуди эрониёни хориҷ аз кишвар ва ҳамчунин мусаввабаи Шурои олии эрониёни хориҷ аз кишвар дар авохири соли гузашта (1400), пурсумони тараддуд ба унвони хидмате ҷадид дар сомонаи Вазорати умури хориҷа пешбинӣ шуд.

Ғарибободӣ афзуд, ин сомона ба ҳамватанони муқими хориҷ аз кишвар кумак мекунад то дар сурати вуҷуди ҳар гуна тардид, суолоти худ дар хусуси вуруду хуруҷ аз кишварро матраҳ ва барои сафари худ бидуни дағдаға барномарезӣ кунанд.

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин гуфт, сомона пурсумон иттилоърасонии лозимро ба амал оварда ва ҳамчунин роҳнамоии лозим дар рафъи он мавонеъро ироа мекунад.

Ғарибободӣ гуфт, дар камтар аз ду моҳ аз эҷоди сомона, эрониёни муқими хориҷ аз кишвар истиқболи хубе аз ин хидмати он карданд, ба гунае, ки беш аз 3300 дархост то поёни исфанд дар сомона сабт шуд.

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, асл бар тараддуди озодонаи ҳамватанони муқими хориҷ ба дохили кишвар аст ва фақат афроде, ки тардидҳое дар хусуси вуҷуди мавонеи ҳуқуқӣ ё қазоӣ доранд, ба ин сомона муроҷиа ва иқдом ба истеълом ё пурсиш кунанд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*