?>

Табрики раиси Ҷумҳурии Узбакистон ба ҳамтои эронӣ дар остонаи иди Фитр

Табрики раиси Ҷумҳурии Узбакистон ба ҳамтои эронӣ дар остонаи иди Фитр

Раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар остонаи иди Саъиди Фитр ба Сайид Иброҳими Раисӣ ҳамтои эронӣ, паёми табрик ирсол кард.

Иди Фитр аз идҳои бузурги исломӣ маҳсуб мешавад, ки мисли дигар кишварҳои мусалмон дар Узбакистон ҳам мусалмонони ин кишвар бо ойинҳои бо шукуҳи ин идро ҷашн мегиранд.

Ҳамакунун дар Узбакистон 2 ҳазору 238 созмони динӣ мутаъалиқ ба пайравони 16 дини мухталиф ба сабт расид, ки 2 ҳазору 64 ниҳоди динӣ, ки муъодили 94 дарсади ин созмонҳо аст марбут ба мусалмонон аст. Узбакистон бо беш аз 35 миллиону 272 ҳазор нафар ҷамъият, пурҷамъиятарин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки аксарияти онро мусамонон ташкил медиҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбкистон дар паёми ба Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни табрики иди Саъиди Фитр гуфт: Бо камоли эҳтиром табрикоти самимонаи ва беҳтарин орзуҳои худро ба муносибати фаро расидани иди Саъиди Фитр, ҷашни меҳрварзӣ, некункорӣ, саховат ва шукргузориро, ки ҳамаи мусалмонони ҷаҳон муштоқона мунтазири он ҳастандро ба ҷаноби оли эълом менамоям.

Дар идомаи паёми табрикоти Шавкат Мирзиёев омада аст: Итминони қотеъ дорам, ки равобити ҳамкории дустонае, ки миёни Узбакистон ва Эрон барқарор шуд ва имрӯз бо мазмуни ҷадид такмил ва ба пеш меравад аз ин пас низ дар роҳи манофеъи асосии милатҳои ду кишвар ва барои суботи минтақа ба сурати муҷидона тавсия хоҳад ёфт.

Шавкат Мирзиёев дар поёни паёми худ изҳор дошт: Бо истифода аз ин фурсат дар ин рӯзҳои бобаракат ва шарофат аз Парвардигори Олам барои ҷаноби оли саломати ва пойдори ва беҳрузӣ, барои фаъолияти давлати пурмасъулияти шумо мувафақитҳои рузафзун ва барои миллати дусти Эрон сулҳу оромиш, пешрафту рифоҳ хосторам.

Бар асоси фармони Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон рӯзи душанбе ба пешниҳоди кумитаи умури динии мусалмонони ин кишвар иди Саъиди Фитр эълом шуд, ки тамоми манотиқи ин кишвар ба ин муносибат таътил хоҳанд буд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*