?>

27 куштаву захмӣ дар тирандозӣ дар донишгоҳи Русия

27 куштаву захмӣ дар тирандозӣ дар донишгоҳи Русия

Манобеи хабарӣ имрӯз душанбе аз вуқуъи тирандозӣ дар дохили донишгоҳе дар минтақаи Урали Русия хабар доданд .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Кумитаи таҳқиқоти Русия имрӯзи душанбе эълом кард дар тирандозӣ дар донишгоҳи давлатии шаҳри  Перм дар минтақаи Урал 8 нафар кушта ва 19 нафар низ захмӣ шуданд .

Банно бар эъломи Кумитаи таҳқиқоти Русия  шахси ҳамлавар бо неруи полис низ даргир шуд ва аз пой даромад  .
Ҳануз далели ин тирандозӣ ва ангезаи шахсии  ин нафар аз ҳамла ба донишгоҳи Перм мушаххас нашудааст .
Перм бо ҷамъияти 1 миллиону 50 ҳазор нафар ва вусъати 799 километр мураббаъ маркази вилояте ба ҳамин ном дар минтақаи марказии Русия воқеъ шудааст .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*