?>

23 кушта ва захмӣ дар паи вожгунии мошини коргарони муҳоҷир дар Амрико

23 кушта ва захмӣ дар паи вожгунии мошини коргарони муҳоҷир дар Амрико

Дар паи вожгунии як дастгоҳ мошини ҳомили коргарони муҳоҷир дар Иёлоти Техас, ҳаддиақал 11 нафар кушта ва 12 тан низ масдум шуданд.

ABNA24 : Ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс, расонаҳои амрикоӣ бомдоди панҷшанбе аз вуқуи ҳодиса барои мошини ҳомили коргарони муҳоҷир дар Иёлоти Техас хабар доданд.

Мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, дар паи вожгунии як дастгоҳ мошини ван, ки беш аз зарфият мусофиргирӣ карда буд, ҳаддиақал 11 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бар асоси ин гузориш, аз мусофирони ин мошин, ки ҳамагӣ коргарони муҳоҷир ба Амрико ва дар ҳоли ҳаракат дар бузургроҳи ҷанубии Техас буданд, ҳаддиақал 12 нафари дигар низ маҷрӯҳ шуданд.

Орбино Мартинес, калонтари минтақаи Брукс Контрӣ мегӯяд, ин мошини ван, ки фақат зарфияти 15 нафарро дошт, ба далели нотавонии ронанда дар контроли он ҳайни убур аз як печ ва сангинии беш аз ҳад вожгун шуд.

Мартинес тавзеҳ дод, ки ронандаи мошин суръати ғайримуҷоз дошта, ки дар паи ин ҳодиса худи ӯ низ кушта шудааст.

Пеш аз ин низ дар ҳодисаи бархурди як мошини шассибаланд бо як мошини боркаши ҳомили рег дар Иёлоти Калифорния дастикам 15 нафар кушта шуда буданд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*