Ба гузориши хабаргузории Абна, Ларс Клингбейл, вазири молияи Олмон пеш аз сафари ҳафтаи ҷории худ ба Амрико барои ширкат дар нишасти гурӯҳи 20 (G20), аз Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико хоҳиш кард, ки ба ҷанги «ғайримасъулиятӣ»-и худ бо Эрон хотима диҳад.
Клингбейл, ки мақоми муовини сарвазири Олмонро низ бар уҳда дорад, ба шабакаи телевизионии ARD гуфт: «Ин муҳимтарин паём аст, аз ҷумла барои Иёлоти Муттаҳида: ба ин ҷанг хотима диҳед».
Ӯ дар идома инчунин Доналд Трампро барои нархи баланди сӯзишворӣ масъул донист ва таъкид кард: «Масъули асосӣ Доналд Трамп ва ин ҷанги ғайримасъулиятӣ аст, ки ӯ алайҳи Эрон ба роҳ мондааст; инҳо оқибатҳоест, ки мо дар насосҳои бензин ҳис мекунем».
Вазирони молияи кишварҳои узви G20 қарор аст рӯзҳои душанбе ва сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Эшвилл дар иёлати Каролинаи Шимолӣ ҷамъ оянд – нишасте, ки пешдастонест ба нишасти сарони ин гурӯҳ, ки охири ҳамин сол дар Майами баргузор хоҳад шуд.
Your Comment