Ба гузориши агентҳои хабарӣ Абна, оятуллоҳ Содиқ Амолӣ Лариҷонӣ, дар ибтидои нишасти Маҷмаи ташхиси маслаҳати низом, бо таслияти даргузашти ҷонгудози Пайғамбари Аъзам Хотаму-л-анбиё Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва шаҳодати имомайни ҳамамин Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ва Ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо-р-Ризо (а), бо ишора ба гузашти беш аз панҷ моҳ аз шаҳодати раҳбари фақиди инқилоб, гуфт: Доғи фироқи эшон ҳанӯз дар дилҳо тоза аст ва дилҳои мо аз ин фироқ ва низ аз зулме, ки бар миллати Эрон рафта, ба сахтӣ маҷруҳ аст.
Вай таъкид кард: Миллати Эрон ба наҳви аҷабоваре дунёро ангушт ба даҳан кард. Худованд тавассути нусрати авлиёи худ, ин миллатро мабъус сохт то дар баробари ҷабборони таърих биистанд.
Оятуллоҳ Амолӣ Лариҷонӣ инчунин аз нерӯҳои мусаллаҳ, ки бо вуҷуди тақдими шуҳадо ва ҷонбозон, бо иқтидори тамом аз инқилоб ва амнияти кишвар дифоъ карданд, сипосгузорӣ карда ва гуфт: Нерӯҳои мусаллаҳ қудрати низоми исломиро ба руи душманон кашиданд ва боиси шуданд Трамп ба муқовимат ва таслимнопазирии миллати Эрон эътироф кунад.
Вай бо ишора ба изҳороти такаббуронаи Трамп дар ибтидои ҷанг, ки дар расонаи шахсияш ба миллати Эрон навишта буд «таслими маҳз», гуфт: Аз ин суханон, такаббуре меборад, ки шӯъни ҷабборони таърих аст. Худованд бини ин мутакаббиронро ба хок хоҳад молид ва пешбинии раҳбари шаҳид, ки фармуданд "Ҷабборони дар авҷи қудрат, якбора замин зада мешаванд", ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
Раиси Маҷмаъ, Трамп ва Натиняҳоро чеҳраҳои манфур ва ҷинояткори таърих хонданд ва гуфт: Онҳо дармонда шудаанд. Даъво доштанд ҷангро се рӯза, як ҳафта ё як моҳа тамом мекунанд, аммо имрӯз тақрибан 6 моҳ аст, ки мардум ва нерӯҳои мусаллаҳ истодаанд ва маёи ифтихоранд.
Оятуллоҳ Амолӣ Лариҷонӣ бо қадрдонӣ аз давлатмардон, қувои сегона ва ниҳодҳои ҳукуматӣ, ки кӯшиданд кишвар ба таври шоистае идора шавад, изҳор дошт: Душман бо тамоми қувва дар пайи ҳасри Эрон аст, ҳарчанд Ҷумҳурии Исломӣ беш аз 40 сол таҷрибаи таҳримро паси сар гузаронидааст. Душманон мекӯшанд бо ҳаср, таҳримҳоро ташдид кунанд.
Your Comment