9 Август 2026 - 20:03
Source: ABNA
Мухолифати Нетанёҳу бо нақшаи сулҳи Ғазза ва ташкили давлати мустақили Фаластин

Нахуствазири режими сионистӣ бо мухолифат ба нақшаи 15 моддаи пешниҳодшуда аз ҷониби Шӯрои сулҳи Ғазза даъво кард: то ман нахуствазир ҳастам, давлати Фаластин ташкил нахоҳад шуд.

Ба гузориши агентҳои хабарӣ Абна ба нақл аз «Ал-Ҷазира», Бинёмин Нетанёҳу нахуствазири режими сионистӣ нақшаи Шӯрои сулҳи Ғаззаро рад кард.

Нетанёҳу, ки дар самти коршканӣ дар оташбаси Ғазза ҳаракат мекунад ва ба фармони ӯ артиши ин режим ҳаррӯза мартакаби ҷиноятҳо алайҳи фаластинҳо мешавад, даъво кард: Исроил нақшаи 15 моддаи Ғазза, ки аз ҷониби Шӯрои сулҳ пешниҳод шуда, рад мекунад ва то замоне ки Ҳамас ба сурати воқеӣ халъи силоҳ нашавад, ҳеҷ гуна ақибнишинӣ дар кор нахоҳад буд. Мо хоҳони халъи силоҳи воқеӣ ҳастем на сурӣ.

Вай инчунин орзуҳои арабҳои муросагарро дар бораи роҳи ҳалли дудавлатӣ бар бод дод ва даъво кард: То замоне ки ман нахуствазир ҳастам, ҳеҷ давлати Фаластин на дар Ғазза ва на дар соҳили ғарбӣ ташкил нахоҳад шуд.

Дар бораи Лубнон низ даъво кард: Исроил ҳоло дар миёни амалиёти фавқулодда муҳим ва калидӣ қарор дорад.

Ҳамчунин дар бораи Эрон низ ба такрори ёвагӯйиҳояш рӯй овард ва даъво кард: Эрон ба Исроил ҳамла нахоҳад кард, зеро аз зарбаи ҳалокатовар ва қавие, ки ба он дар сурати ҳамла ворид хоҳад шуд, огоҳ аст.

Вай инчунин гуфт: мо медонем, ки дар сурати зарурат, ҳатто дар баробари беҳтарин дӯстонамон, чӣ гуна мавқеъи худро нигоҳ дорем.

Your Comment

You are replying to: .
captcha