Ба гузориши хабарии «Абна» ба нақл аз шабакаи Ал-Маядин, расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки тасвирҳои моҳворагии интишорёфта, расидани мустақими як мушаки Эронро ба пойгоҳи ҳавоии Рамат-Довид, ки ба нерӯи ҳавоии режими Исроил тааллуқ дорад, тасдиқ мекунанд.
Бар асоси ин гузоришҳо, тасвирҳои мавриди ишора нишонаҳое аз расидани мустақими мушаки ба ин пойгоҳи низомиро нишон медиҳанд, аммо то ҳол тафсилоти расмӣ дар бораи миқдори зарарҳои эҳтимолӣ ё таъсири ин ҳамла ба фаъолиятҳои пойгоҳ интишор наёфтааст.
Ин хабар дар ҳоле интишор мешавад, ки мақомоти низомии режими сиёҳиюнистӣ то пеш аз ин ҳар гуна расидан ба марказҳои низомии худро инкор мекарданд.
Шаби гузашта робитаи умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом кард: Пойгоҳи ҳавоии Рамат-Довид, ҳадафи мушаакҳои баллистикӣ қарор гирифт.
Дар баёнияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом шуд: «Дар посух ба ҷинояти васеи режими ғосиби сиёҳиюнӣ дар ҷануби Лубнон ва куштор ва авора кардани васеи мардуми мазлуми минтақаҳои Сӯр, Набатия ва дигар нуқот аз ҷумла зоҳияи Байрут, пойгоҳи ҳавоии Рамат-Довид, мабдаи ин таҷовузҳо, ҳадафи мушаакҳои баллистикии нерӯи ҳаво-фазоии Сипоҳ қарор гирифт.»
Your Comment