Ба гузориши агентии хабарии Абна ба нақл аз сомонаи рӯзномаи Ал-Шарқи Ал-Авсати Миср, созмони иттилоотии хориҷии Исроил (Моссад) шоҳиди тағйироти муҳим дар сохтори идоракунии худ буд; ба тавре ки «Роман Гофман» раиси нави ин созмон, муовини худ ва шаҳси дуюми Моссад, ки бо ҳарфи ихтисории «А.» шинохта мешавад, аз вазифааш барканор кард.
Бар асоси ин гузориш, аз ин шахс ҳамчун яке аз асоситарин гӯинаҳои ҷонишинии «Довид Барниё» раиси пешини Моссад ёд мешуд.
Манобеи огоҳ ба расонаҳои исроилӣ гуфтаанд, ки муовини барканоршуда аз наздикони Барниё буда ва вай мухолифи ҷиддии таъйини Гофман [раиси нави Моссад] буд.
Гофман пештар, мушовири низомии Нетанёҳу буд.
Ба гуфтаи ин манобеъ, Барниё кӯшиш карда буд муовини худро ҳамчун ҷонишинаш дар сари Моссад муаррифӣ кунад, аммо дар ниҳоят Нетанёҳу Гофманро барои ин мақом интихоб кард.
Бар асоси ин гузориш, мақоми барканоршуда бештар аз 22 сол собиқаи фаъолият дар соҳаи амалиёти пинҳонӣ дошта ва дар давоми хидмати худ фармондеҳии се бахши амалиётии Моссадро бар ӯҳда доштааст.
Вай ҳамчунин панҷ маротиба муваффақ ба гирифтани «Ҷоизаи амнияти Исроил» шуда буд.
Манобеи мазкур илова кардаанд, ки аз ҷумлаи барҷастатарин парвандаҳои таҳти идораи ин мақоми иттилоотӣ, кӯшишҳои Моссад барои сарнагун кардани ҳукумат дар Эрон буда, ки то ҳол таҳаққуқ наёфтааст.
Дар муқобил, баъзе маҳфилҳои дохилии Моссад аз суръати қарори Гофман барои барканор кардани муовини худ интиқод карданд.
Ин манобеъ бар ин боваранд, ки раиси нав ба сабаби пешинаи асосан низомии худ, таҷрибаи камтар дар сохтори иттилоотии Моссад дорад ва нигоҳ доштани муовини пешин дар давраи гузариш метавонист ба интиқоли таҷрибаҳо ва идораи равонтари парвандаҳои ҳассос кумак кунад.
Дафтари сарвазири режими исроилӣ низ бо тасдиқи ин амали Гофман, эълом кард, ки муовини нав аз байни нерӯҳои дохилии Моссад интихоб хоҳад шуд.
Your Comment