7 Июн 2026 - 11:20
Source: ABNA
Қасди кишварҳои аврупоӣ ба таҳрими шаҳракнишинони сионистӣ

Манобеи сиёсӣ аз кӯшишҳои кишварҳои аврупоӣ барои таҳрими шаҳракнишинони сионистӣ, ки даст ба амалҳои хушунатомез мезананд, хабар доданд.

Ба гузориши агентии хабарии Абна, манобеи сиёсӣ дар гуфтугӯ бо агентии Рейтерс таъкид карданд, ки Фаронса дар якҷоягӣ бо якчанд кишвари аврупоӣ дар пайи ворид кардани фишор ба режими сионистӣ тавассути таҳримҳои ҳамоҳангшуда мебошад.

Дар ин гузориш омадааст, таҳримҳои мазкур алайҳи шаҳракнишинони сионистӣ, ки даст ба амалҳои ваҳшиёнаи зидди фаластиниҳо дар соҳили Ғарбӣ мезананд, аъмол мешавад. Ин таҳримҳо дар бар мегиранд: бастани амвол ва манъи сафар.

Ҳанӯз рӯйхати сионистҳое, ки дар ин таҳримҳо дохил мешаванд, ниҳоӣ нашудааст ва эҳтимол меравад, дар рӯзҳои оянда баёнияи расмӣ садор дода шавад.

Ин амал дар ҳоле сурат мегирад, ки кишварҳои мазкур аз ҷумлаи ҳомиёни асосии ҷиноятҳои режими сионистӣ алайҳи фаластиниҳо ба шумор мераванд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha