7 Июн 2026 - 11:20
Source: ABNA
Масканаи нави Вашингтон; даъвои Трамп дар бораи пайванд бо Ҳизбуллоҳ дурӯғ буд

Яке аз масъулони Ҳизбуллоҳ даъвои Трамп дар бораи муносибати мустақим бо ин гурӯҳро рад кард.

Ба гузориши агентии хабарии Абна ба нақл аз сомонаи хабарӣ «Ал-Аҳд», «Алӣ ал-Муқадад» узви фраксияи «Вафодорӣ ба муқовимат» дар парлумони Лубнон бо радди қатъии даъвои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи мавҷудияти каналҳои мустақими муоширатӣ бо Ҳизбуллоҳ, парда аз дурӯғпардозии нави Кохи Сафед бардошт.

Вай бо равшанӣ таъкид кард: «Ҳеҷ гуна муносибати мустақим бо амрикоиҳо – на бо худи Трамп ва на бо ҳеҷ шахси дигар – вуҷуд надорад ва ивази паёмҳо танҳо ба таври ғайримустақим ва тавассути миёнаравон ва кишварҳое мисли Қатар, Арабистон ва Миср анҷом мешавад, ки масъулияти идораи ин тамосҳоро ё бо ҳукумати Бейрут ва ё тавассути Набиҳе Беррӣ, раиси парлумони Лубнон бар ӯҳда доранд».

Ин ошкорсозӣ пас аз он сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта Трамп даъво карда буд, ки бевосита бо Ҳизбуллоҳ ва режими исроилӣ тамос дошта ва розигии онҳоро барои оташи бас ҷалб кардааст.

Ал-Муқадад дар қисми дигари суханрониаш ишора кард, ки ҳатто раиси парлумони Лубнон аз созиши якҷонибаи эъломшуда дар Вашингтон ба сахтӣ дар ҳайрат ва шок шудааст; зеро ҳатто бо вуҷуди ҳамоҳангиҳои пешина тавассути миёнаравон, раиси парлумон ҳаргиз интизори чунин натиҷа аз ҷониби мақомоти амрикоӣ набуд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha