Ба гузориши агентӣ хабарии Абна ба нақл аз шабакаи «Телевизиони Ал-Арабия», гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз он аст, ки садои тирандозии якчанд тир дар ҳавлия ва атрофи «Кохи Сафед» дар Вашингтон шунида шудааст.
Шабакаи CNN гузориш дод, ки садои даҳҳо тир дар наздикии Кохи Сафед шунида шуда ва дар пайи он, вазъияти амниятӣ эълом ва ин минтақа баста шуд.
Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои Хадамоти махфии Амрико ба ҳолати омодагии комил даромаданд ва вазъияти фавқуллодаи амниятӣ эълом шуд.
Инчунин манобеи амрикоӣ эълом карданд, ки Хадамоти махфии Амрико пас аз шунида шудани садои тирандорӣ дар минтақа, хабарнигорони ҳозирро ба дохили толори конференсияҳои хабарӣ интиқол доданд.
Your Comment