24 Май 2026 - 12:59
Source: ABNA
12 амалиёти интиқомии Ҳизбуллоҳ алайҳи мавқеъҳо ва таҷҳизоти режими сионистӣ

Ҳизбуллоҳ дар идомаи ҳамлаҳои интиқомии худ, бори дигар мавқеъҳо ва таҷҳизоти артиши режими сионистиро ба ҳадафи ҳамлаҳои бепилотӣ табдил дод.

Ба гузориши агентӣ хабарии Абна ба нақл аз расонаи ҷанги муқовимат, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ирсоли изҳороти расмӣ эълом кард, ки дар 12 амалиёти ҷудогона, мавқеъҳо, асбобҳо ва таҷҳизоти артиши режими сионистиро дар ҷануби Лубнон ҳадафи ҳамлаҳои бепилотии худ қарор додааст.

Бар асоси ин изҳорот, муҷоҳидони муқовимати исломӣ дар амалиёти аввал, як худрави низомии артиши Исроилро дар пойгоҳи «Раъс-ун-Нақура» бо истифода аз бепилот ҳадаф қарор доданд.

Ҳизбуллоҳ инчунин дар амалиёти дуввуми худ эълом кард, ки бо як фарванди бепилоти интиҳорӣ, дастгохи халалрасон ба бепилотҳои режими сионистиро дар шаҳки «ан-Нақура» дақиқан ҳадаф қарор дода ва нобуд кардааст.

Дар ҳамин росто ва дар амалиёти сеюм, таҷаммуи нерӯҳои низомии артиши режими сионистӣ дар минтақаи «Искандаруна» воқеъ дар шаҳки «ал-Баййаза» дар ҷануби Лубнон ҳадафи ҳамлаи бепилотии Ҳизбуллоҳ қарор гирифт.

Ин гурӯҳ ба шумори талафоти эҳтимолии низомиёни сионистӣ ҳеҷ ишорае накардааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha