9 Декабр 2025 - 14:24
Source: ABNA
Хабарнигорони Бидуни Марз: Исроил бадтарин душмани хабарнигорон аст

Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) дар гузориши солонаи худ дар бораи ҷиноёти низомёфта (систематикӣ) алайҳи хабарнигорон, режими саҳюнистиро ба далели қатли густурдаи аҳли расона дар Ғазза, бадтарин душмани хабарнигорон донист.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Маёдин, дар ҳоле ки аз оғози ҷанг ва наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза, номи ин режим борҳо дар садри нақзкунандагони ҳуқуқи хабарнигорон ва аҳли расона қарор гирифтааст, Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар гузорише, ки дар бораи қатли хабарнигорон дар саросари ҷаҳон таҳия намуда ва имрӯз мунташир шуд, эълом кард, ки 60 хабарнигор дар ҳини анҷоми вазоифи худ ё ба далели моҳияти корашон дар як сол дар саросари ҷаҳон кушта шудаанд, ки тақрибан ними аз онҳо дар навори Ғазза ва ба дасти артиши Исроил террори шудаанд.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз таъкид кард: Теъдоди хабарнигороне, ки байни 1 декабри 2024 то 1 декабри 2025 кушта шудаанд, ба далели иқдомоти ҷинояткоронаи нерӯҳои мусаллаҳ, чӣ муназзам ва чӣ номуназзам, ва бандҳои ҷиноятҳои созмонёфта, афзоиш пайдо кардааст ва дар воқеъ хабарнигорон намемиранд, балки кушта мешаванд.

Он Бокандт, сардабири Гузоришгарони Бидуни Марз гуфт, ки ин вазъият натиҷаи нафрат афрӯзӣ нисбат ба хабарнигорон ва ҳамчунин масуният аз муҷозот аст. Чолиш воқеӣ, имрӯз ин аст, ки давлатҳо дубора бар ҳифозат аз рӯзноманигорон тамаркуз кунанд ва онҳоро ҳадаф қарор надиҳанд.

Ин созмони байналмилалӣ дар идомаи гузориши худ, режими саҳюнистиро бузургтарин душмани аҳли расона дониста ва таъкид кард: Артиши Исроил бадтарин душмани хабарнигорон аст ва дар 12 моҳи гузашта 29 нафар аз кормандони бахши расонаро дар ҳини анҷоми вазифаи худ дар ароизии Фаластин ба қатл расонидааст. Ҳамчунин аз октябри 2023 ҳамзамон бо оғози ҷанги Ғазза ҳадди ақал 220 нафар аз аҳли расона дар ин минтақа ба қатл расидаанд.

Сардабири Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз эълом кард: Касоне, ки муртакиби ҷиноёт алайҳи аҳли расона мешаванд, дар талош барои бадном кардани онҳо ҷиҳати тавҷеҳи ҷиноёти худашон ҳастанд. Дар воқеъ ҳеҷ гулӯлаи саргардоне вуҷуд надорад; балки хабарнигорон омдона ҳадаф қарор мегиранд, зеро ҳақиқатро ба ҷаҳон гузориш медиҳанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha