9 Декабр 2025 - 14:23
Source: ABNA
Ҳушдор нисбат ба ҷанги пинҳонӣ миёни Арабистону Иморот бар сари Яман

Як фаъоли яманӣ нисбат ба ташдиди ҷанги пинҳонӣ миёни Иморот ва Арабистон бар сари ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Маълума, Набил Ал-Ҳада, раиси як маркази фаъол дар ҳавзаи ҳуқуқи башар дар Яман, таъкид кард, ки ҷанги пинҳонӣ миёни Арабистон ва Иморот бар сари Яман ташдид шудааст. Он чӣ дар Яман мегузарад, на як ҷанги дохилӣ, балки майдоне барои тасвияи ҳисобҳои минтақавӣ аст.

Вай афзуд: Иморот талош дорад ҷойпои худро дар ҷазираҳои роҳбурдии Яман муҳкам кунад ва Арабистон низ ба дунболи густариши нуфузи худ дар Ҳазрамавт аст. Ин раванд дар имтидоди ҷанги нуфузи тӯлонимуддат миёни ду тараф шакл мегирад.

Ал-Ҳада баён кард: Эътилофе, ки Арабистон ва Иморот онро алайҳи Яман ба роҳ андохтанд, шикаст хӯрдааст. Воқеиятҳои майдонӣ нишон дод, ки ин кишвар ҳатто дар баробари ба истилоҳ абарқудратҳое чун Амрико сар хам намекунад, пас чӣ гуна дар баробари нуфузи минтақавии маҳдуд таслим шавад?

Вай тасриҳ кард: Яман дар баробари мудохилоти Амрико ва таҳдидоти Исроил истод, пас таслим шудани ин кишвар дар баробари Арабистон ва Иморот ғайримантиқӣ аст. Онҳо бо режими саҳюнистӣ дар як ҷабҳа қарор доранд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha