Ба гузориши хабаргузории Абна, режими саҳюнистӣ бо вуҷуди имзои тавофуқи оташбас дар Ғазза ҳамчунон ба ҷиноятҳои худ дар ин ноҳия ва аъмоли сиёсати саркӯб ва хушунат алайҳи фаластиниёни сокини Соҳили Ғарбӣ идома медиҳад.
Ҳамлаҳои густурдаи артиши ишғолгарри саҳюнистӣ ба Соҳили Ғарбӣ
Дар ҳамин робита Маркази иттилоърасонии Фаластин гузориш дод, ки Соҳили Ғарбӣ аз нахустин соатҳои бомдоди имрӯз шоҳиди юриши густурдаи ишғолгарони исроилӣ буд. Ин ҳамлаҳо ҳамзамон аз Ериҳо дар шарқ то Ал-Халил дар ҷануб ва аз Нобалус то Ҷенин ва Тӯбос идома дошт.
Ба гузориши манобеи маҳаллӣ, нерӯҳои саҳюнистӣ ибтидо бо юриш ба урдугоҳи Ақабат Ҷабр дар Ериҳо амалиёти худро оғоз карданд ва сипас Айн Ябрӯд дар шимолу шарқи Ромаллоҳ ва Байт Фурик дар шарқи Нобалусро ҳадаф қарор доданд. Дар идома, низомиёни саҳюнист ба Байт Рима ва Тӯбос юриш бурда ва дар Таммӯн низ чанд сохтмони маскуниро муҳосира ва тафтиш карданд.
Артиши режими саҳюнистӣ ҳамзамон ба Байт Уммар дар шимоли Ал-Халил ва Аз-Заҳирийя дар ҷануби ин шаҳр ҳамла кард ва дар урдугоҳи Ал-Фораъ низ даргириҳое рух дод. Дар Байт Фаҷҷор ва Ал-Маншийя дар ҷануби Байт Лаҳм, амалиёти тафтиши хонаҳо то чандин соат идома ёфт.
Дар шимоли Соҳили Ғарбӣ низ нерӯҳои исроилӣ ба Бурқин, Руммона, Аъроба ва Бурқа юриш бурда ва шуморе аз шаҳрвандонро боздошт карданд. Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки дар Байт Уммар як кӯдаки фаластинӣ боздошт шудааст.
Идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар соатҳои ахир
Тайи соатҳои гузашта, артиши саҳюнистӣ дар идомаи нақзи оташбас, мавҷи тозае аз ҳамлаҳои густурдаро дар манотиқи мухталифи навори Ғазза анҷом додааст.
Дар ҷануби Рафаҳ оташи сангини худравҳои низомии исроилӣ гузориш шуда ва ҷангандаҳо низ чандин ҳамлаи шадид ба ин шаҳр анҷом додаанд.
Дар шарқи шаҳри Ғазза, аз ҷумла хиёбони Бағдод дар маҳаллаи Шуҷоъия, артиши саҳюнистӣ як худрави зиреҳпӯши бомбгузоришударо мунфаҷир кард.
Дар маҳаллаҳои Ат-Туффоҳ ва Аз-Зайтӯн низ ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ чанд бор манотиқи шарқии ин ду маҳалларо ҳадаф қарор додаанд.
Тири сангини гулӯла аз сӯи ҷангафзорҳои саҳюнистӣ дар шарқи Хон Юнус идома дорад ва артиши саҳюнистӣ чандин сохтмони маскуниро дар шарқи Хон Юнус мунфаҷир кард.
Ҳамчунин қаиқҳои ҷангии Исроил низ иқдом ба тири густурда дар обҳои соҳилии Хон Юнус кардаанд. Аз сӯи дигар даст кам се ҳамлаи ҳавоии паёпай низ дар манотиқи шарқии шаҳри Ғазза сабт шудааст.
Your Comment