Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Қудс, манбаъҳои ибрӣзабон гузориш доданд, ки як нишасти махфӣ миёни Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, ва Тонӣ Блэр, нахуствазири пешини Инглис, дар Тел-Авив баргузор шудааст.
Бар асоси ин гузориш, нишасти мазкур бо ҳадафи баррасии тавофуқ миёни кишварҳои арабӣ ва Нетаняҳу барои мушорикати Ташкилоти худгардони Фаластин дар раванди идораи бархе манотиқ даруни навори Ғазза баргузор шудааст.
Ин манбаъҳо илова карданд, ки тарҳи мазкур дар марҳалаи озмоишӣ қарор дорад ва бояд як силсила ислоҳот бар асоси хостаҳои Тел-Авив даруни Ташкилоти худгардони Фаластин сурат пазирад.
Ин дар ҳоле аст, ки режими саҳюнистӣ дар марҳалаи нахусти тавофуқи оташбаси Ғазза ба мафоди ин тавофуқ пойбанд набуда ва ҳамлаҳои худро алайҳи ин борика мутаваққиф накард.
Your Comment