Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз вебгоҳи хабарии «Russia Today», рӯзномаи саҳюнистии «Yedioth Ahronoth» гузориш дод, ки Исҳоқ Амит, раиси кунунии Додгоҳи олии режими саҳюнистӣ, ва 3 тан аз раисони собиқи ин додгоҳ ҳушдор доданд, ки Исроил ба суръат ба самти як режими истибдодӣ мабнӣ бар ҳукумати фардӣ пеш меравад.
Исҳоқ Амит дар суханронии худ дар конфронси Анҷумани ҳуқуқи умумӣ, вазъияти кунунии режими саҳюнистиро «инҳитоти демократӣ» хонд ва нисбат ба «талошҳои созмонёфта ва барномарезишуда барои таҳрими ҷаласоти додгоҳ ва мухталли кардани кори он» ҳушдор дод.
Аз сӯи дигар, Аҳарон Барок, раиси собиқи Додгоҳи олии режими саҳюнистӣ, низ вазъиятро «бадтар аз он чизе, ки ба назар мерасад» тавсиф кард ва гуфт, ки тафкики қуво комилан аз байн рафтааст ва нахуствазир бар кобина ва Кнессет контроли дорад ва ҳокимият амалан ба як ҳукумати фардӣ табдил шудааст.
Барок ҳушдор дод, ки демократия якшаба ба диктатура табдил намешавад, балки ба тадриҷ фурӯ меафтад.
Эстер Ҳают, аввалин зане, ки рисояти Додгоҳи олии режими саҳюнистиро бар ӯҳда гирифта буд, низ нисбат ба пасрафти хатарнок дар қавоиди бозии демократӣ ҳушдор дод.
Ӯзӣ Фогелман, раиси асбақи Додгоҳи олӣ, низ таъкид кард, ки ислоҳоти қонунии ахир бо ҳадафи коҳиши ихтиёроти додситони кулл ва табдили низоми қазоӣ ба абзоре дар дасти қувваи иҷроия анҷом мешавад.
Ҳушдорҳои раисони Додгоҳи олии режими саҳюнистӣ дар буҳбуҳаи ташдиди буҳрони сиёсӣ ва қонунӣ дар Исроил матраҳ мешавад.
Дон Ҳалутс, раиси собиқи ситоди артиши режими саҳюнистӣ, низ пеш аз ин борҳо ҳушдор дода буд, ки режими саҳюнистӣ дар масири хатарнок ба самти фурӯпошии демократия пеш меравад.
Тамир Парду, раиси собиқи Муссод, низ ҳушдор дод, ки рафторҳои кобинаи феълӣ поёнаҳои низоми демократиро тазъиф мекунад.
Эҳуд Олмерт, нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ, низ кобинаи Нетаняҳуро «хатарноктарин кобина дар таърихи режими саҳюнистӣ» тавсиф кард ва гуфт, ки таҳаввулоти кунунӣ фурӯпошии қасдонаи демократия ва талоше барои инҳисори қудрат аст.
Your Comment