Тибқи гузориши Агентии ахбории АБНА ба нақл аз «Русская Ель-Яум», рӯзномаи Маъарив гузориш дод, ки Ана Ворникофф, узви Шӯрои шаҳри Ню-Йорк, бо ирсоли даъватномаи расмӣ ба дафтари Нетаняҳу, аз вай хостааст, ки ба ин шаҳр сафар кунад.
Ин дар ҳолест, ки Заҳрон Мамданӣ, шаҳрдори ҷадиди Ню-Йорк, пештар эълом карда буд, ки агар Нетаняҳу ба ин шаҳр биёяд, боздошт хоҳад шуд.
Бар асоси ин гузориш, Ворникофф дар номаи худ аз Нетаняҳу хостааст, ки 1 январи соли 2026 ва оғози соли нави милодӣ дар Ню-Йорк бошад. Вай ҳамчунин мухолифати худро бо гуфтаҳои Мамданӣ алайҳи Нетаняҳу эълом кард.
Your Comment