Зуҳури Заҳрон Қавом Мамдонӣ, намояндаи мусалмон ва ҳиндӣтабори шаҳрдории Ню-Йорк, дар рақобати муқаддамотии Ҳизби Демократ, парда аз абъоди сохтории исломҳаросӣ дар сиёсати Амрико канор зад.
Бар асоси гузориши «Гардиан», пирӯзии Мамдонӣ дар интихоботи муқаддамотии шаҳрдории Ню-Йорк боис ташдиди ҳамлаҳои исломҳаросӣ шуда, ки шомили истифода аз тасвирҳои таҳрифшуда, иттиҳомоти нодуруст ба зидди яҳуд будан ва нақд бар наҳваи зиндагии ӯ будааст.
Нависандаи мақола, Аҳмад Мур, асари ин равандро ношӣ аз исломҳаросии пас аз 11 сентябр медонад, ки ҳанӯз дар ниҳодҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ реша дорад.
Гузориши вебсайти Вакс (Vox) низ таъйид мекунад, ки Мамдонӣ, сиёсатмадори мусалмон ва муҳоҷир, ки номзади Ҳизби Демократ шуда, ҳадафи ҳамлаҳои густурдаи «нажодпарастона ва исломситезона» қарор гирифтааст; аз ҷумла иддаои барномарезӣ барои эҷоди шариат! Ҳарчанд, ки ҳеҷ кадом аз ин иддаоҳо таъйид нашудаанд.
Созмони равобити ислом ва Амрико (CAIR) мухолифони Мамдониро маҳкум карда ва хоста то мақомоти расмӣ, суханҳои нажодпарастонаро ба шакли қотеъ маҳкум кунанд. Ин созмон ишора мекунад, ки танҳо як рӯз пас аз эъломи пирӯзии Мамдонӣ, беш аз 6200 твит шомили алфози таҳқиромез алайҳи ӯ мунташир шудааст.
Пирӯзии Мамдонӣ паёмрасони тағйири қобили таваҷҷуҳ аст; ӯ нахустин номзади мусалмон ва осиёӣ-амрикоӣ аст, ки шонси роҳёбӣ ба шаҳрдории Ню-Йоркро дорад ва ҳимояти густурдаеро аз гуруҳҳои ҳуқуқи башарӣ ва адолати иҷтимоӣ дар Ню-Йорк касб кардааст.
Your Comment