20 Июл 2025 - 11:50
Source: ABNA
Нақшаи нобудсозии Покистон тарҳрезӣ шудааст

Яке аз уламои барҷастаи Покистон бо ишора ба таҳаввулоти ахири минтақа ҳушдор дод, ки агар дар баробари ҷиноёти Ғазза вокуниши қотеъ ва бамавқеъ нишон дода мешуд, ин оташ то остонаи Покистон намерасид.

Ба гузориши Хабаргузории Аҳлулбайт(а) — Абно — Ҳуҷҷатулислом Сайид Ҷавод Нақвӣ, ноиби раиси Таҳрики бедории уммати Мустафо дар Покистон, дар суханоне пиромуни вазъияти кунунии ҷаҳон ҳушдор дод, ки агар дар баробари зулму ҷиноят дар Ғазза, вокуниши қавӣ ва бамавқеъе нишон дода мешуд, имрӯз ин зулм то остонаи Покистон пешравӣ намекард.

Вай гуфт: "Душман акнун масири ҳамла ба хоки Покистонро ҳамвор кардааст, ва ҳар гоҳ ҷанге дар хоки душман мутаваққиф нашавад, ҳамон қадар оташе шуълавар мешавад ва то хонаҳои мо мерасад."

Нақвӣ таъкид кард, ки Исроил пас аз Ғазза, Лубнон, Сурия ва Эронро ҳадаф қарор дода ва акнун Туркия ва Покистон низ дар феҳристи аҳдофи баъдиаш қарор доранд. Ҳамлаҳои ахир ба қасри раёсатҷумҳурӣ, Вазорати дифоъ ва ситоди артиши Сурия низ ҳалқаҳое аз ҳамин занҷира ҳастанд.

Ин олими барҷаста бо таъкид гуфт, ки Покистон бояд ин воқеиятро бипазирад, ки агар мо иҷоза диҳем душман то дарби хонаамон пешравӣ кунад ва он гоҳ ба фикри дифоъ биафтем, ин оғози шикаст хоҳад буд. Дифои воқеӣ ҳамеша дар хоки душман иттифоқ меафтад, на дар ҳавлии хонаи худамон. Мутаассифона, роҳбурди амниятии Покистон ҳамеша бар асоси вокунишҳои дерҳангом ва иқдомоти пас аз вайронӣ будааст ва паёмадҳои онро имрӯз мебинем.

Нақвӣ афзуд, вазъияти имрӯз натиҷаи сиёсатест, ки дар он Покистон фарёди мазлумонро нодида гирифт, дар баробари зулм сукут кард ва ба дунболи паноҳ бурдан ба домани қудратҳои истикборӣ чун Амрико рафт. Кишваре, ки Амрико ба он "дӯстӣ" ҳадя додааст, чизе ҷуз вайронӣ, хунрезӣ ва нобудӣ бароиаш намондааст. Барои Покистон низ як тарҳи хос ва ҳадафманд барои нобудӣ тадоруг дида шуда, ки дар он аз заъфҳои дохилиамон ҳамчун силоҳ алайҳи худи мо истифода мешавад.

Вай такрор кард, вазъияти имрӯз натиҷаи сиёсатест, ки дар он Покистон фарёди мазлумонро нодида гирифт, дар баробари зулм сукут кард ва ба дунболи паноҳ бурдан ба домани қудратҳои истикборӣ чун Амрико рафт. Кишваре, ки Амрико ба он "дӯстӣ" ҳадя додааст, чизе ҷуз вайронӣ, хунрезӣ ва нобудӣ бароиаш намондааст. Барои Покистон низ як тарҳи хос ва ҳадафманд барои нобудӣ тадоруг дида шуда, ки дар он аз заъфҳои дохилиамон ҳамчун силоҳ алайҳи худи мо истифода мешавад.

Нақвӣ аз миллат, раҳбарон ва нахбагони Покистон хост то аз хоби ғафлат бедор шаванд ва пеш аз он ки душман комилан мусаллат шавад, роҳбурдҳои худро тағйир диҳанд ва мубориза бо зулмро аз варои марзҳо оғоз кунанд, то фардо рӯз маҷбур набошанд бар пайкари фарзандонашон гиря кунанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha