Ба гузориши Хабаргузории Аҳлулбайт(а) — Абно — Ватикан нисбат ба изҳороти масъулони режими саҳюнистӣ дар бораи ҳамла ба калисои католикии навори Ғазза, ки муддаӣ шуданд "хатои ғайриқасдӣ" будааст, изҳори тардид кард ва ироаи тавзеҳоти расмӣ ва комиле дар ин хусусро хостори шуд.
Ҳамла ба калисоҳо ва дороиҳои масеҳиёни Ғазза талоши режими саҳюнистӣ барои аз ҳам гусастан ҷомеаи Фаластин ва такмили лоиҳаи кӯчондан бо ҷанг ва гуруснагиро ошкор месозад. Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ панҷшанбе калисои хонаводаи муқаддас дар маркази шаҳри Ғаззаро мустақиман ҳадаф қарор доданд, ки ба шаҳодат ва захмӣ шудани чанд тан аз ҷумла кешиши ин калисо мунҷар шуда ва хисороти густурдаеро ба сохтмони он ворид овард.
Дар ҳамин робита, кардинал «Пиетро Паролин» аз мақомоти аршади Ватикан дар мусоҳиба бо шабакаи «Рай»-и Италия изҳор кард: "Бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳо дар бораи кушта шудани се нафар дар ҳамла ба калисои хонаводаи муқаддаси шаҳри Ғазза ва захмӣ шудани 9 тани дигар аз ҷумла кешиши италиявии калисо, иттифоқе, ки рух додааст, мустазими тавзеҳи комиле аз сӯи Исроил аст."
Ба гузориши Хабаргузории «Маъа»-и Фаластин, Паролин гуфт: "Вокунишҳо ва баёнияҳое, ки то ин дам аз сӯи Исроил мунташир шудааст, кофӣ набуда ва дар абъоди иттифоқи рух дода нест ва комилан муҷоз аст, ки мо шак кунем он чӣ рух додааст танҳо як хатои низомӣ буда бошад."
Пеш аз ин мусоҳиба, Попи Леои чаҳордаҳум, раҳбари католикҳои ҷаҳон ва Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи иттифоқи рух дода бо якдигар гуфтугӯи телефонӣ доштанд, ки то ин лаҳза ҷузъиёте аз он мунташир нашудааст.
Ватикан дар баёнияе таъкид кард: "Ҳамла ба ибодатгоҳҳо нақзи ҷиддии қонунҳои байналмилалии инсонӣ аст ва мо эҳтиром ба ибодатгоҳҳо ва тазмини ҳифозат аз ҷони ғайринизомиён дар ҳар шароитеро хосторем."
Your Comment