Ба гузориши Хабаргузории Аҳлулбайт(а) — Абно — манбаъҳои хабарӣ гузориш доданд, ки ҳазорон шаҳрванди урдунӣ дар маҳкумияти муҳосира ва гуруснагӣ додани сокинони навори Ғазза тазоҳурот кардаанд.
Ҳазорон шаҳрванди урдунӣ бо баргузории тазоҳурот дар маҳаллаи Ат-Тафайла дар пойтахти ин кишвар, сиёсатҳои режими саҳюнистӣ дар куштор ва гуруснагӣ додани сокинони навори Ғаззаро маҳкум карданд.
Иштироккунандагон дар ин тазоҳурот, омодагии комили худро барои ҳузури низомӣ ва кӯмак ба сокинони Ғазза эълом карданд.
Тазоҳуроткунандагон ҳамчунин аз давлатҳои арабӣ ва исломӣ хостанд, то ба вазифаи динӣ, ахлоқӣ ва инсонии худ дар қиболи миллати Фаластин амал кунанд.
Your Comment