Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абна — Аморати Муттаҳидаи Араб маҳкумият ва мухолифати шиддид худро аз тарҳи Исроил барои интиқоли идора ва назорат бар Ҳарами Иброҳимӣ аз Вазорати авқоф ва умури мазҳабии Фаластин ва шаҳрдории Халил ба Шӯрои мазҳабии яҳудиён дар шаҳраки Кирят Арбаъ иброз кард.
Ба гузориши хабаргузории Аморат, Вом, Вазорати хориҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб имрӯз -ҷумъа- дар баёнияе таъйид кард, ки ин иқдом «нишондиҳандаи нақзи ҷиддии вазъияти мавҷуди таърихӣ ва қонунӣ дар Ҳарами Иброҳимӣ аст».
Дар ин баёния бар «аҳамияти эҳтиром ба вазъияти мавҷуд дар амокини муқаддас ва лузуми таваққуфи ҳамаи иқдомоти якҷониба ва таҳрикомез, ки метавонад сарзаминҳои ишғолии Фаластинро бесубот кунад ва талошҳои байналмилалӣ барои дастиёбӣ ба оромишро тазъиф кунад» таъкид шудааст.
Your Comment