?>

Ҳушдори сарпарасти Вазорати дифои Толибон ба Тоҷикистон ва Узбакистон

Ҳушдори сарпарасти Вазорати дифои Толибон ба Тоҷикистон ва Узбакистон

Сарпарасти Вазорати дифои Толибон ба мақомоти ду кишвари ҳамсоя ҳушдор дод то ҳавопаймоҳо ва чархболҳои Афғонистонро бозгардонанд.

ABNA24 – Мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб (фарзанди Мулло Умар, бунёнгузори ҳаракати Толибони Афғонистон) дар размоиши ҳавоии Афғонистон гуфт, Тоҷикистон ва Узбакистон набояд сабри афғонҳоро дар ин замина озмоиш кунанд.

Вай афзуд: Ҳавопаймоҳои мо, ки ҳамроҳи шумо ҳастанд, агар дар Тоҷикистон ё Узбакистон бошанд, ба мо бозгардонда мешаванд ва мо ҳаргиз иҷоза намедиҳем ҳавопаймоҳои мо дар хориҷ аз кишвар бимонанд.

Сарпарасти Вазорати дифои Толибон изҳор дошт, агар ин ҳавопаймоҳо ба Афғонистон бозгардонда нашаванд, авоқиби ногуворе дар пай хоҳад дошт, аммо вай ҷузиёти бештаре дар мавриди авоқиби он ироа накард.

Ин дуюмин бор дар як ҳафта аст, ки мақомоти Толибон аз Душанбе ва Тошканд дархостҳои мушобеҳеро матраҳ мекунанд, аммо Тоҷикистон ва Узбакистон ба таври расмӣ ба дархости ҳокимони ҷадид дар Кобул посух надодаанд.

Пеш аз ин мақомоти Толибон гуфта буданд, ки аз замони сарнагунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ то кунун 40 болгард ба Тоҷикистон ва Узбакистон мунтақил шуданд ва музокирот бо Душанбе ва Тошканд барои бозгардондани чархболҳо идома дорад.

Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи Вазорати дифои Толибон низ гуфт, аз давлатҳои ду кишвар (Тоҷикистон ва Узбакистон) борҳо хоста шуда то ҳавопаймоҳоро ба давлати кунунии Афғонистон баргардонанд.

Расонаҳо гузориш доданд, ки пас аз сарнагунии давлати Ашраф Ғанӣ дар 15 августи 2021 даҳҳо халабони афғонистонӣ ба Тоҷикистон гурехтанд ва се моҳро дар осоишгоҳе дар атрофи Душанбе сипарӣ карданд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*