?>

Ҳимояти Русия, Ҳинд ва Чин аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай

Ҳимояти Русия, Ҳинд ва Чин аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай

Раисони ҷумҳурии Чин, Русия ва ҳамчунин нахуствазири Ҳинд аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят карданд.

ABNA24 : Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар ҷараёни суханронии маҷозии худ дар ин нишаст, аз оғози раванди узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят кард.

Раиси ҷумҳурии Русия дар суханронии худ гуфт, пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай, ба иқтидори байналмилалии ин созмон кумак хоҳад кард.

Вай таъкид кард: Мо ҳамвора аз ҳузури комили Эрон дар фаъолиятҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунем, зеро Эрон нақши муҳимеро дар АвруОсиё ифо мекунад ва ба муддати тӯлонӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамкории мусбате доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Си Ҷин Пинг, раиси ҷумҳурии Чин низ дар ҷараёни суханронии маҷозии худ дар ин нишаст гуфт, узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта мешавад.

Раиси ҷумҳурии Чин зимни баёни ин матлаб, ки ҳамаи мавонеъ дар тиҷорату фанноварӣ бояд бардошта шавад, ёдовар шуд, кишварҳои узв набояд иҷоза диҳанд, ки ин созмон ҳадафи ҳамлаи кишварҳои дигар қарор гирад.

Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд низ дар суханронии худ дар ҷараёни нишасти имрӯзи Созмони Ҳамкории Шанхай, аз узвияти Эрон дар ин созмон истиқбол кард.

Нахуствазири Ҳинд гуфт: Имсол мо бистумин солгарди таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхайро ҷашн мегирем. Ин боиси хушҳолӣ аст, ки дӯстони ҷадиде дар ин муносибати фархунда дар ҳоли пайвастан ба мо ҳастанд.  Ман аз кишвари Эрон ба унвони як узви ҷадиди Созмони Ҳамкории Шанхай истиқбол мекунам.

Бистуякумин иҷлоси сарони СҲШ имрӯз, ҷумъа бо ҳузури сарони 12 кишвари узву нозир, аз ҷумла оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии кишварамон дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Сарони Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус, Покистон, Туркманистон ва Узбакистон дар ин иҷлос ҳузур доранд ва руасои ҷумҳурии Русия, Чин, Ҳинд ва Муғулистон низ ба сурати онлайн дар ин нишаст ширкат кардаанд.

СҲШ дар соли 2001 бо ҳадафи ҳамкориҳои чандҷонибаи амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тавассути Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҳадафи барқарор кардани мувозина дар баробари нуфузи Амрико ва НАТО дар минтақа поягузорӣ шуд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*