?>

Ҳамос : Барои поён бахшидан ба Исроил тадвини барномаи миллии озодибахш авлавият дорад

Ҳамос : Барои поён бахшидан ба Исроил тадвини барномаи миллии озодибахш авлавият дорад

Ҷумбиши Ҳамос таъкид кард: Истифода аз гузинаи муқовимати фарогир, даргирӣ бо режими саҳюнистӣ ва тадвини барномаи миллии озодибахш барои поёни бахшидан ба ин режим авлавият дорад .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) имрӯз панҷшанбе дар вокуниш ба боздошти Ҷамол Аттавил, аз раҳбарони ин ҷумбиш дар баёнияе тасреҳ кард: Садои муқовиматро наметавон дар Каронаи бохтарӣ хомуш кард .

Ҳамос таъкид кард Аттавил, яке аз ашхоси барҷастаи муқовимат ва ҳомии иттиҳоду муқобила бо режими саҳюнистӣ аст, ки бо вуҷуди 16 соли ҳузур дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ, хастагинопазир буд .

  Ҳамос таъкид кард: Бояд сиёсати шаҳраксозии саҳюнистӣ ва зӯргуии шаҳракнишинон алайҳи миллату хоки Фаластин мутаваққиф шавад .

Ҳамос гуфт: Истифода аз гузинаи муқовимати фарогир, даргирӣ бо режими саҳюнистӣ ва тадвини барномаи миллии озодибахш барои поён бахшидан ба ин режим як авлавияти миллӣ аст, ки бояд дар ростои он фаъолият кард .

Дар баёнияи Ҳамос омадааст: Миллати Фаластин, ки ҷанги “ Шамшери Қудс”-ро бо иттиҳод пеш барад, хоҳад тавонист ба озодӣ даст ёбад ва кишвари мустақили худро ташкил диҳад ва ба ҳамроҳи тамоми нерӯҳову раҳбарони худ ба масири озодӣ ва озодибахшӣ идома хоҳад дод .

Нерӯҳои вижаи режими саҳюнистӣ Ҷамол Аттавил,  аз раҳбарони ҷумбиши Ҳамосро рӯзи чаҳоршанбеи дар маҳаллаи Уммулшароиталбайра, дар маркази Каронаи бохтарӣ боздошт карданд .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*