?>

Ҳамла ба ду корвони пуштибонии низомии Амрико дар Ироқ

Ҳамла ба ду корвони пуштибонии низомии Амрико дар Ироқ

Манобеи расонаӣ аз ҳамла ба ду корвони пуштибонии артиши Амрико дар Ироқ хабар доданд.

ABNA24 : Манобеи хабарӣ бомдоди чаҳоршанбе эълом карданд, як корвони пуштибонии артиши Амрико дар устони Бобул мавриди ҳадаф қарор гирифт.

Гуруҳе ки номи худро “Асҳоб-ул-Каҳф” гузоштааст, масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.

Ҳамчунин як корвони пуштибонии дигари артиши Амрико дар минтақаи Ал-Юсуфияи Бағдоди мавриди ҳадаф қарор гирифт. Гуруҳи мазкур низ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

Ҳамлаҳои мукаррари ин гуруҳ дар ҳолест, ки порлумони Ироқ дар январи 2020 тарҳи ихроҷи неруҳои бегона аз хоки ин кишварро тасвиб кард, аммо Амрико ҳамчунон бар ҳузури низомиёни худ дар хоки Ироқ исрор меварзад.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*