?>

Ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи Толибон дар Нангарҳор

Ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи Толибон дар Нангарҳор

Ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи Толибон дар Нангарҳор боиси кушта шудани 3 нафар шуд.

ABNA24 : Гузоришҳо баёнгари он аст, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона дар Нангарҳор се нафар кушта шудаанд.

Ин ҳамла субҳи чаҳоршанбе дар ҳавзаи ҳафтуми шаҳри Ҷалолобод рух дод.

Дар ин ҳамла ду нерӯи Толибон ва як ғайринизомӣ кушта шуданд.

Мақомоти Толибон то кунун дар ин замина изҳори назар накардаанд.

Шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор дар рӯзҳои ахир шоҳиди инфиҷорҳои мукаррар будааст.

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфта буд, ки инфиҷорҳои ахири Нангарҳор охирин ҳамалоти гуруҳи ДИИШ дар Афғонистон хоҳад буд.

Сухангӯи Толибон дар нишасти хабарӣ гуфт: ДИИШ монанди Сурияву Ироқ дар Афғонистон ҳузур надорад, аммо мумкин аст шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон тафаккури ДИИШ - ро пазируфта бошанд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*