?>

Ҳалокати муҳоҷими мусаллаҳ ба ситоди хабарии Сипоҳи посдорон дар Саровони Эрон

Ҳалокати муҳоҷими мусаллаҳ ба ситоди хабарии Сипоҳи посдорон дар Саровони Эрон

Фарди мусаллаҳ, ки қасд дошт ҳамла ба ситоди хабарии идораи итилоъоти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Саровон, ҷануби шарқи Эронро дошт, дар даргирӣ бо посбонони ин марказ ба ҳалокат расид.

ABNA24 – равобит умумӣ ва таблиғотии қароргоҳи Қудси нерӯҳои заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар итилоъияе эълом кард, фарди мусаллаҳе, ки рӯзи душанбе қасди ҳамла мусаллаҳона ба ситоди хабарии идораи Иттилоъот ва Сипоҳи шаҳристони Саровони Эронро дошт бо аксуламали ба мавқеъи посбонон дар расидан ба ин ҳадафи бад ноком  монд.

Ин иттилоъия меафзояд ин фарди мусаллаҳ дар даргирӣ бо посбони ин марказ ба ҳалокат расид ва яке аз шаҳвандон низ маҷруҳ шуд.

Равобит умумӣ ва таблиғоти қароргоҳи Қусди нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин таъкид кард, ки ҷуъиёти ин мавзуъ дар ҳоли баррасӣ аст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*