?>

Қорӣ Фасеҳуддин: Муқовиматгаронро саркӯб мекунем, ба ҷанги дохилӣ роҳ намедиҳем

Қорӣ Фасеҳуддин: Муқовиматгаронро саркӯб мекунем, ба ҷанги дохилӣ роҳ намедиҳем

Қорӣ Фасеҳуддин, раиси Ситоди артиши "Толибон"* мегӯяд, машваратҳо ҷараён доранд ва ояндаи наздик Афғонистон артиши мунтазам хоҳад дошт.

ABNA24 : Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, ки ба нақл аз Sputnik، Қорӣ Фасеҳуддин таъкид кард, ки нерӯҳо бояд тавре омӯзиш бинанд, ки битавонанд аз Афғонистон ҳимоят кунанд.

Ӯ ки дар як ҳамоиш дар Кобул суҳбат мекард, ваъдаи саркӯби муқовиматгаронро дода, афзуд, ки намегузоранд, кишвар вориди ҷанги дохилӣ шавад.
ки ба номи қавмият ва муқовимат барои пуштибонӣ аз демокрусӣ ва ҳифзи дастовардҳои 20-сола дар баробари ин гурӯҳ истодаанд, саркӯб хоҳанд шуд. Ин афрод дар пайи халалдор кардани амният ва савқ додани кишвар ба ҷангҳои дохилиянд", - овардааст "Aamaj News" аз қавли Фасеҳуддин.

Вай афзуд, нерӯҳои "Толибон"* иҷозаи "ихлоли амният" ва ба "хоку хун кашидан" - и Афғонистонро нахоҳанд дод.
Гарчанде раиси Ситоди артиши "Толибон" аз афрод ва гурӯҳҳои мушаххас ном набурдааст, расонаҳои Афғонистон мегӯянд, манзури Қорӣ Фасеҳуддин нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати 

миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъудро аст.
Дар пайи даъвати Аҳмад Масъуд ахиран дар вилоёти гуногуни Афғонистон ҳамоишҳои фаъолони маданӣ, аз ҷумла занон барои ҳимояи ҳуқуқашон, аз қабили ҳаққи кору таҳсил баргузор шуд. "Толибон"* барои пароканда кардани ин ҳамоишҳои эътирозӣ аз газҳои ашковар ва хушунат кор гирифтанд.
Қорӣ Фасеҳуддин, роҳбари феълии Ситоди артиши "Толибон" тоҷик буда, беш аз 50 сол дорад. Ӯ зодаи вулусволии Вардуҷи вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки дар замони ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз саргурӯҳҳои Сайид Наҷмиддини Восиқ, фармондеҳи Ҷамъияти исломии таҳти амри Бурҳонуддин Раббонӣ ва Шӯрои наззори Аҳмадшоҳи Масъуд буд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*